Май 15, 2021 12:35 Asia/Dushanbe
  • Файсал бин Фарҳон иқдомоти режими саҳюнистиро бар хилофи тамоми қавонин ва урфи байналмилалӣ тавсиф кард
    Файсал бин Фарҳон иқдомоти режими саҳюнистиро бар хилофи тамоми қавонин ва урфи байналмилалӣ тавсиф кард

Вазири хориҷаи Арабистони Саудӣ, иқдомоти режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми Фаластинро бар хилофи қавонини байналмилалӣ тавсиф кард.

Ба гузориши Русия ал Явм, Файсал бин Фарҳон, вазири хориҷаи Арабистони Саудӣ дар тамоси телефонӣ бо Риёз ал Моликӣ, вазири хориҷаи Фаластин, иқдомоти режими саҳюнистӣ алайҳи фаластиниёнро маҳкӯм кард.

Файсал бин Фарҳон бо таъкид бар зарурати таваққуфи фаврии ин иқдомоти режими саҳюнистӣ, онро бар хилофи тамоми қавонин ва урфи байналмилалӣ тавсиф кард.

Ӯ ҳамчунин бозгашт ба талошҳо барои эҷоди як роҳи ҳалли одилона ва фарогир барои масъалаи Фаластин ва ташкили давлати мустақили фаластинӣ тибқи марзҳои 1967 ба пойтахтии Қудси шарқиро хостор шуд.

Дар ҳафтаҳои ахир, иқдоми додгоҳи режими саҳюнистӣ мабнӣ бар судӯри ҳукме золимона алайҳи фаластиниҳои сокин дар маҳаллаи Шайх Ҷарроҳ дар Қудси ишғолӣ ва кӯчи иҷбории онҳо аз хонаҳояшон аз як тараф ва тааррузи саҳюнистҳо ба намозгузорони фаластинӣ дар Масҷид ул Ақсо аз тарафи дигар, боиси оғози даргириҳо дар Фаластин ва сарзаминҳои ишғолӣ шуд, ки дар рӯзҳои ахир ин танишҳо ба шиддат боло гирифта ва ба самти ҷанге тамомайёр миёни гурӯҳҳои муқовимати фаластинӣ ва режими саҳюнистӣ кашида шудааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп