Октябр 25, 2016 19:19 Asia/Dushanbe
  • Канорагирии ҳизби ҳокими Сотситал-демократи Қирғизистон аз эътилофи порлумонӣ

Як мақоми порлумонии Қирғизистон, аз канорагирии ҳизби Сотситал-демократи ин кишвар аз эътилофи порлумонӣ хабар дод.

Жогорку Кенеш- ноиби раиси порлумон ва узви ҳизби Сотситал-демократи Қирғизистон, рӯзи душанбе ( 24 октябр) бо эъломи ин матлаб гуфт, ҳизби Сотситал-демократ ба далели ихтилоф бо шарикони худ бар сари ҳимоят аз ислоҳот дар Қонуни асосӣ, аз эътилофи порлумонӣ канорагирӣ кардааст.

Тарҳи ислоҳи Қонуни асосӣ, ки бо пешниҳоди раисиҷумҳури Қирғизистон ва ҳимояти ҳизби Сотситал-демократ матраҳ шуд, бар афзоиши ихтиёроти нахуствазир дар бархе заминаҳо, аз ҷумлаи барканорӣ ва интисоби вазирон ва устондорон таъкид дорад. Канорагирии ҳизби Сотситал-демократи Қирғизистон аз эътилофи ҳоким, як сол пас аз гузашти давраи ҷадиди ниҳоди қонунгузории ин кишвар, аз абъоди мухталифи қобили таҳлил ва арзёбӣ аст.

Ҳизби Сотситал-демократ бо доштани 38 курсӣ дар парлумони Қирғизистон, матраҳтарин ҳизб миёни аҳзоби чаҳоргонаи эътилофи ҳокими ин кишвар аст. Соли гузашта, ҳамзамон бо ташкили давлати эътилофи Қирғизистон ин гумона матраҳ шуд, ки иттиҳод ва эътилофи аҳзоб барои ташкили давлат, чандон дар Қирғизистон муваффақ набудааст. Бавижа, ки давлати эътилофии пешини Қирғизистон дар августи соли 2012 бо ҷудо шудани аҳзоби "Ота-Макон" ва "Оруномус" ба далели ончи ихтилоф бо шахси нахуствазири Умарбек Бобонов эълом шуд, аз ҳам пошид. Ин умедворӣ ба вуҷӯд омад, ки бо эътилофи ҷадид ва ташкили давлат, маҷмуаи тасмимгирандагони қирғиз, ки муваффақ ба мудирияти буҳрон дар давлати эътилофӣ шуданд, битавонанд ба мувозоти пешбурди сиёсати хориҷии давлат, суботи сиёсиро ба ҷомеаи Қирғизистон бозгардонанд .

Аз ин рӯ, бо вуҷӯди аҳзоби ҳамсӯи қирғиз дар давлати эътилофии ҷадид ва тақвияти иқтидори давлат, ҳалли мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятии кишвар ҳаддиақали интизори ҷомеаи қирғиз аз давлатмардон ва раҳбарони аҳзоби эътилофӣ буд. Таваққуи ҷомеаи Қирғизистон аз ниҳоди қонунгузорӣ ва иҷроӣ низ тақвияти сохтори иқтисодӣ ва зерсохтҳои тавсеаи Қирғизистон буд, аммо бо гузашти як сол аз умри давлати эътилофӣ,  ихтилоф дар эътилофи ҳоким дар порлумони Қирғизистон эҷод шуд ва бидуни тардид давлати баромада аз давраи шашуми порлумони Қирғизистонро таҳти таъсир қарор хоҳад дод.

Ба иборати дигар, таваққуот ва интизороти ҷомеаи Қирғизистон дар бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва амният ба тобеъе аз ҷанги қудрати мақомоти Бишкек табдил шуда аст ва акнун мавзӯи коҳиши ихтиёроти раисиҷумҳур ва афзоиши ихтиёроти нахуствазир, чашмандози суботи ҳамаҷониба дар Қирғизистонро таҳтушуо қарор додааст .