Бехонумонии 50 ҳазор фаластинӣ дар бомбаборонҳои режими саҳюнистӣ
Салиби Сурх аз бехонумон шудани 50 ҳазор фаластинӣ дар паи бомбаборони манотиқи ғайринизомӣ ва маскунии Ғазза аз сӯи режими саҳюнистӣ хабар дод .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА,Салиби Сурхи Фаластин эълом кард, ки ба сабаби ҷанги ахир алайҳи Ғазза 50 ҳазор нафар дар ин минтақа бехонаву кошона шудаанд .
Саҳир Зақут-сухангӯии Салиби Сурх дар Фаластин гуфт, ки ҳамакнун 700 ҳазор шаҳрванд ба андозаи кофӣ барқ надоранд ва 800 ҳазор нафар ҳам аз оби ошомиданӣ маҳрум ҳастанд .
Вай афзуд : Ба дунболи ҷанги Ғазза 50 ҳазор нафар ба мактабҳои UNRWA ё хонаҳои наздикони худ куч карданд .
Зақут ёдовар шуд : Хатари дигаре, ки сокинони Ғаззаро таҳдид мекунад ,мушакҳое аст, ки мунфаҷир нашудааст ва ҳамчунон зиндагии аҳли Ғаззаро таҳдид мекунад .
Низомиёни ишғолгари саҳюнист аз душанбе 10 май ҳамлаҳо ва таҷовузҳои ваҳшиёна алайҳи борикаи Ғазза ва фаластиниҳоро оғоз карданд, ки бар асари он 248 нафар аз ҷумла 66 кӯдак, 39 зан ва 17 солманд шаҳид ва 1 ҳазору 948 нафари дигар низ захмӣ шуданд .
Кабинаи режими саҳюнистӣ пас аз 12 рӯз нотавонӣ дар мутаваққиф кардани ҳамалоти мушакии гурӯҳҳои муқовимат дар Ғазза, панҷшанбешаб дар як нишасти 3 соъата бо иҷмоъ бо оташбаси бидуни ҳеч пешшарте бо фаластиниён мувофиқат кард .
Бештар бихонед :