Май 27, 2021 19:58 Asia/Dushanbe
  • Риёз Алмоликӣ-вазири хориҷаи Ташкилоти худгардони Фаластин
    Риёз Алмоликӣ-вазири хориҷаи Ташкилоти худгардони Фаластин

Вазири хориҷаи Ташкилоти худгардони Фаластин таъкид кард танҳо роҳи барқарории сулҳ поён ёфтани ишғолгарии режими саҳюнистӣ дар сарзаминҳои фаластинӣ аст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Риёз Алмоликӣ-вазири хориҷаи Ташкилоти худгардони Фаластин изҳор дошт дар паи таҷовузи ахири саҳюнистҳо ба Каронаи бохтарӣ ва Ғазза даҳҳо ғайринизомӣ аз ҷумла занону кӯдакон ба шаҳодат расиданд ва ё захмӣ шуданд

Алмоликӣ афзуд: Бетаваҷҷӯҳии ҷомеъаи байнаалмиллалӣ ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ ҳамвора боис шуда ин режим дар анҷоми ҷиноёташ ташвиқ шавад .

Вазири хориҷаи Ташкилоти худгардони Фаластин бо баёни инки режими саҳюнистӣ дар паи тасбити як низоми истеъмории устувор бар кўчондани иҷбории мардуми Фаластин аз сарзаминашон аст тасреҳ кард бидуни поён ёфтани ишғолгарии Исроил ҳеч сулҳе амалӣ нахоҳад шуд .

Жан Лудриён-вазири хориҷаи Фаронса низ рӯзи гузаштаи чаҳоршанбе дар вокуниш ба таҳаввулоти ахир дар сарзаминҳои ишғолӣ ҳушдор дод эҳё нашудани роҳкори « ду кишвар » метавонад ба эҷоди апартеиди тӯлонимуддати режими саҳюнистӣ дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин мунҷар шавад .

  Изҳороти вазири хориҷаи Фаронса бо эътирози вокуниши шадиди сарони режими саҳюнистӣ рубару шуд .

Эътирозоти сарони режими саҳюнистӣ ба изҳороти вазири хориҷаи Фаронса дар ҳоле сурат мегирад, ки ин режими ғосиб дар ҳамлаҳои ҳавоии ахири худ ба Ғазза дар тӯли 12 рӯз дасти кам 253 фаластиниро ба шаҳодат расонад ва наздик ба ду ҳазор нафарро маҷрӯҳ кард ва дар ниҳоят бо эъломи оташбас ва қабули шикасти шармандаовар рӯзи ҷумъаи 21 май ба ин ҷиноят поён дод .

 

  Бештар бихонед :

 

Барчасп