Июн 09, 2021 18:59 Asia/Dushanbe
  • Нишасти масъулони ироқӣ барои таъмини амнияти марзҳои муштарак бо Сурия

Масъулони дастгоҳҳои иттилоотӣ ва амниятии Ироқ ва Сурия дар нишасте роҳҳои тақвияти контроли марзҳоро барои муқобила бо террористҳо баррасӣ карданд.

Дар ин нишаст, ки бо ҳузури масъулони дастгоҳҳои иттилоотӣ, масъулони фармондеҳии амалиётҳои муштарак, намояндагони Ҳашдушшаъби ва ба раёсати Қосим Ъарҷи, мушовири амнияти миллии Ироқ баргузор шуд, мушкилоте, ки дар контрол ва тақвияти амнияти манотиқи марзии Ироқ вуҷуд доранд, баррасӣ шуд.

Масъулони ироқӣ дар ин нишаст пешниҳодотеро барои таъмини амнияти марзҳои Ироқ ва ҷилавгирӣ аз нуфузи террористҳо ба хоки Ироқ ироа ва тавсияҳои лозимро мутобиқ бо дастуруламалҳои фармондеҳии кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ироқ, барои муқобила бо чолишҳои амниятӣ ва барқарории субот ба тамоми манотиқи кишвар иблоғ карданд.

Пеш аз ин низ Усмон Ғоними, вазири кишвари Ироқ дар суханоне бар таъмини комили амнияти марзҳои ин кишвар барои ҷилавгирӣ аз вуруди террористҳо таъкид карда буд.

Ироқ авохири соли 2017 шикасти низомии ДИИШ -ро эълом кард, аммо ҳамчунон бақоёии ДИИШ дар бархе манотиқи ин кишвар ҳузур доранд ва амалиётҳои террористии парокандаву маҳдудеро дар манотиқи мухталифи ин кишвар анҷом медиҳад.

 

Бештар бихонед: