Ҳушдори як гурӯҳи фаластинӣ ба шаҳракнишинони саҳюнист
Дар пайи қасди режими саҳюнистӣ барои баргузоии «роҳпаймоии парчам», ки гурӯҳи фаластинӣ барои нерӯҳои худ омодабош эълом кард.
Дар идомаи ҳушдори гурӯҳҳои муқовимати фаластинӣ ба режими саҳюнистӣ дар бораи баргузории «роҳпаймоии парчам» ягони ҷиҳодии «Барқ»-и Фаластин имрӯз сешанбе дар баёнияе дар бораи ирсоли балонҳои оташзо ба шаҳракҳои муҷовири Ғазза ҳушдор дод ва ба шаҳракнишинон саҳюнист гуфт, мунтазири шуълаҳои оташ бошанд.
Ягони ҷиҳодии «Барқ» дар даргирии қаблӣ миёни режими саҳюнистӣ ва муқовимати Фаластин маъруф ба “шамшери Қудс” низ даҳҳо балони оташзо ба самти шаҳракҳои саҳюнистӣ дар Ғазза фиристод ва хисороти зиёде ба режими саҳюнистӣ ворид кард.
Режими саҳюнистӣ тадобири амниятии шадиде барои баргузории ин тазоҳурот иттихоз кард ва истҳои низомӣ ва сайёреро дар шаҳри Қудс эҷод кардааст. Ду ҳазор полис низ имрӯз дар саросари шаҳри ишғолии Қудс мустақар мешаванд то амнияти ширкаткунандагон дар ин роҳпаймоиро таъмин кунанд.
Аз сӯи дигар дар пайи ҳушдори гурӯҳҳои муқовимати фаластинӣ, аз ҷумлаи Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин мабнӣ бар посух додан ба ҳар гуна иқдомоти таҳрикомези саҳюнистҳо дар Қудси ишғолӣ ва “роҳпаймоии парчам”, артиши Исроил сомонаҳои падофандии «Гунбади оҳанин»-и бештаре дар наздикии Навори Ғазза мустақар кард.
Роҳпаймоии парчам ҳар соли даҳуми моҳи май, яъне солрӯзи ишғоли Қудси Шарқӣ ба дасти режими саҳюнистӣ баргузор мешавад, аммо имсол ба далели афзоиши танишҳо дар Қудс, набарди «шамшери Қудс» дар он замон ва шиллики ҳазорон мӯшак ба самти Фаластини ишғолӣ, дар таърихи мазкӯр баргузор нашуд ва қарор аст, имрӯз баргузор шавад.
Бештар бихонед:
- Ҳушдори вазорати хориҷаи Фаластин дар бораи идомаи шаҳраксозии режими ишғолгари Қудс
- Лату куби хабарнигори шабакаи Алҷазира аз сӯи полиси режими саҳюнистӣ