Октябр 29, 2016 19:48 Asia/Dushanbe
  • Озодсозии як минтақаи дигар дар ҷануби Мӯсил

Фармондеҳи пулиси Ироқ аз озодсозии шаҳри Ашшура дар ҷануби Мӯсил- маркази устони Найнаво, аз ишғоли гурӯҳи террористии ДИИШ хабар дод.

Ба гузориши хабарнигори хабаргузории Садо ва симо, генерал Роид Ҷудат Шокир, фармондеҳи пулиси Ироқ, гуфт, нерӯҳои вокуниши сареъи Ироқ, рӯзи шанбе дар идомаи амалиёти зидди террористҳои ДИИШ, тавонистанд шаҳри алшўраҳ дар ҷануби Мӯсилро ба таври комил таҳти контроли худ дароваранд.

Нерӯҳои ироқӣ бо вурӯд ба шаҳри Ашшура, парчами Ироқро бар фарози сохтумонҳои ин шаҳр барафроштанд.

Ин амалиёт, ки бо пуштибонии нерӯҳои ҳавоии артиши Ироқ ҳамроҳ буд, илова бар инҳидоми таҷҳизоти низомии ДИИШ, даҳҳо террорист кушта ва захмӣ шуданд.

Шаҳри Ашшура дар 40 километрии ҷануби Мӯсил қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол, нерӯҳои мардумии Ироқ, субҳи рӯзи шанбе амалиёти ҷадиди худро зидди гурӯҳи террористии ДИИШ, дар меҳвари ҷанубу ғарбии Мӯсил оғоз кардаанд.

Нерӯҳои мардумии Ироқ, имрӯз даҳ рӯсторо дар меҳвари ҷанубу ғарбии Мӯсил аз ишғоли ДИИШ озод карданд ва ба 35 километрии шаҳри Талъафар расиданд.

Хабари дигар ин ки бар асари инфиҷори террористӣ дар як ҳайати азодорӣ дар ғарби Бағдод-пойтахти Ироқ, дастикам панҷ нафар кушта ва 17 нафари дигар захмӣ шуданд.