Октябр 30, 2016 15:09 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати Ибодӣ бо дархости Амрико барои таваққуфи амалиёти Мӯсил

Нахуствазири Ироқ дар вокуниш ба дархости фармондеҳони амрикоӣ барои таваққуфи амалиёти Мӯсил, гуфт, ин амалиёт мутаваққиф нахоҳад шуд.

Ҳайдар Ибодӣ, нахуствазир ва фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ироқ шанбешаб дар изҳороте, ки аз шабакаи расмии Ироқ-Алироқия пахш шуд, гуфт, дархости фармондеҳони эътилофи байналмилалӣ ба раҳбарии Амрико барои таваққуфи амалиёти Мӯсил, ба манзури таҷдиди омодагиҳои размӣ, пазируфтнӣ нест.

Бархе расонаҳои маҳаллӣ ва байналмилалӣ, рӯзи ҷумъа ба нақл аз фармондеҳони эътилофи байналмилалӣ ба раҳбарӣ Амрико аз таваққуфи амалиёти Мӯсил хабар доданд, аммо ин хабарҳо ба суръат аз сӯи Абдулғанӣ Асадӣ ва Абдулваҳоб Соъидӣ, фармондеҳони созмони мубориза бо терроризм такзиб шуд ва соате баъд хабар расид, ки нерӯҳои мардумӣ дар меҳварҳои таъйин шуда барои ин гурӯҳ, вориди амал шудаанд.

Суханони Ибодӣ дар радди баёнияи рӯзи ҷумъаи эътилофи байналмиллӣ, баёнгари амиқтар шудани ихтилофот миёни давлати Ироқ ва ин эътилофи амрикоӣ аст.

Нишонаҳои ихтилофот аз ҳамон рӯзҳои оғозини амалиёти Мӯсил, замоне, ки амрикоиҳо бидуни далел амалиёт дар меҳвари ҷанубиро мутаваққиф карданд, дида мешуд.