Июн 26, 2021 16:01 Asia/Dushanbe
  • Ал Козимӣ: «Ал-Ҳашду Шаъбӣ» терроризми такфириро дарҳам кӯбид

Нахуствазири Ироқ ба муносибати ҳафтумин солгарди таъсиси созмони «Ал-Ҳашду Шаъбӣ» гуфт, нерӯҳои «Ал-Ҳашду Шаъбӣ» тавонистанд терроризми такфирии ДИИШ-ро шикаст дода ва дарҳам бикӯбанд.

Мустафо Ал Козимӣ, нахуствазири Ироқ имрӯз (шанбе) бо ҳузур дар маросими рижаи низомии нерӯҳои Ал-Ҳашду Шаъбӣ, ки ба муносибати ҳафтумин солгарди таъсиси ин гурӯҳи муқовиматӣ дар устон «Диёлӣ» баргузор шуд, изҳор кард, фарзандони Ал-Ҳашду Шаъбӣ фарзандони Ироқ ҳастанд ва бо онҳо Ироқ ҷойгоҳи таърихии худро боз меёбад.

Вай аз иқдомоти қаҳрамононаи нерӯҳои Ал-Ҳашду Шаъбӣ ва ҷонфишониҳои хонаводаҳои онҳо қадрдонӣ ва таъкид кард, имрӯз маъмуриятҳои зиёде дар баробари нерӯҳои Ал-Ҳашду Шаъбӣ қарор дорад.

Оятуллоҳ Саидалӣ ал Систонӣ бо фатвои таърихии худ дар 13 июни 2014 ба унвони бунёнгузори созмони мардумӣ ва низомии« Ал-Ҳашду Шаъбӣ» Ироқ шинохта мешавад. Дар пайи фатвои ҷиҳоди кафоии марҷаияти олии динии Ироқ, ташкилоти мардумии Ал-Ҳашду Шаъбӣ барои созмондеҳии миллионҳо довталаби ироқӣ барои мубориза бо ДИИШ шакл гирифт.

 

Ҳайдар ал Ибодӣ, нахуствазири пешини Ироқ бо судӯри ҳукми ҳукуматӣ дар 24 феврали 2016 дар охирин моҳҳои ҷанг бо ДИИШ, Ал-Ҳашду Шаъбиро як созмони мустақил таҳти дастури мустақими фармондеҳии нерӯҳои мусаллаҳи Ироқ эълом кард.

Ҷараёнҳои сиёсии ҳомии Ал-Ҳашду Шаъбӣ низ дар 26 ноябри 2016 дар идомаи созмондеҳии ин ташкилоти низомӣ дар чорчӯби қавонини Ироқ, бо аксарияти оро, «қонуни Ал-Ҳашду Шаъбӣ»-ро дар порлумон тасвиб карданд. Пас аз судӯри ин қонун дар амали ин созмон аз назари ҳуқуқӣ ба як созмони амниятии расмии Ироқ табдил шуд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп