Ноябр 01, 2016 10:05 Asia/Dushanbe
  • Истеъфои дабири кулли Созмони Ҳамкории Исломӣ

Айёд Маданӣ, дабири кулли Созмони Ҳамкории Исломӣ аз симматаш истеъфо дод.

Ба гузориши хабаргузории "Меҳр", Айёд Маданӣ дар нишасти фавқуллодаи Созмони Ҳамкории Исломӣ аз симмати худ истеъфо дода ва Юсуф Аласимин ба унвони ҷойгузин таъйин шуд. 

Дар ду рӯзи гузашта ахборе мунташир шуда буд, ки Маданӣ дар пайи эъмоли фишори шуморе аз кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ аз симмати худ истеъфо хоҳад дод.

Гуфта мешавад, изҳороти тамасхуромези Айёд Маданӣ алайҳи Абдулфаттоҳ Сиси, раиси ҷумҳурии Миср, ки бо мухолифати бисёре аз кишварҳо мувоҷеҳ шуд, иллати ин фишорҳо будааст.