Афзоиши эъдомҳо дар Арабистон
(last modified Mon, 05 Jul 2021 09:13:45 GMT )
Июл 05, 2021 14:13 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши эъдомҳо дар Арабистон
    Афзоиши эъдомҳо дар Арабистон

Тибқи иттилои торнамои саудии Лекс, шумораи эъдомҳо дар Арабистони Саудӣ дар шаш моҳи аввали соли равон (2021) нисбат ба соли гузашта ба таври назаррас афзудааст.

Вебгоҳи саъудии Лекс эълом кард, дар 6 моҳи нахусти соли ҷории милодӣ 31 ҳукми эъдом дар Арабистон иҷро шудааст, ки ин рақам беш аз теъдоди афроди эъдомшуда дар соли 2020 аст ва ин баррасиҳо нишон медиҳад, ки эъдом дар Арабистон дар муқоиса бо соли 2020 ду баробар шудааст.

Бар асоси эъломи фаъолони ҳуқуқи башарии Арабистон, режими Оли Саъуд судури ҳукми эъдомро дар соли 2020 коҳиш дод то виҷҳаи худро дар сатҳи байналмилалӣ беҳбуд бахшад, аммо бо ин вуҷуд муҷозоти эъдом ба унвони абзоре барои саркӯби мухолифон ва мунтақидон идома дорад.

Режими саъудии Ҳавора, зиндониёни сиёсӣ ва мухолифони диктатории қабилае дар ин кишварро ба иттиҳомоти воҳӣ аз ҷумлаи тероризм, ба ҷўхаи эъдом месупорад.

Бисёре аз созмонҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи башарӣ, аз ҷумлаи дидбони ҳуқуқи башар токунун борҳо аз саркуби озодии баён, эъдом ва зиндонӣ кардани муътаризону фаъолони ҳуқуқи башарӣ дар Арабистон интиқод кардаанд.

Ба изъони ин созмонҳо, режими саъудӣ яке аз аслитарин ноқизони ҳуқуқи башар дар ҷаҳон аст.

Бештар бихонед: