Июл 11, 2021 09:21 Asia/Dushanbe
  • Фолеҳ Ал-Файёз: Алҳашдушшаъби - тазмини воқеии амнияту суботи Ироқ хоҳад буд

Раиси Алҳашдушшаъби таъкид кард, ин созмон ба унвони тазмини воқеӣ барои амнияту суботи Ироқ ва пуштибони артиш ва дигар нерӯҳои амниятӣ боқӣ мемонад.

Фолеҳ Ал-Файёз, раиси созмони Алҳашдушшаъби (басиҷи мардумӣ) –и Ироқ ба муносибати солгарди озодсозии шаҳри Мавсил аз ишғоли ДИИШ, дар баёнияе эълом кард, озодсозии Мавсил аз чанги ДИИШ муқаддимае барои пирӯзии ниҳоӣ ва комил ва озодсозии хоки Ироқ аз ҳар мутаҷовизе буд.

Раиси Алҳашдушшаъби таъкид кард, аҳди мо ин аст, ки Алҳашдушшаъби ба унвони тазмини воқеӣ барои амнияту суботи Ироқ ва пуштибони артишу сойири нерӯҳои амниятӣ боқӣ бимонад.

Мустафо Ал-Козими, нахуствазири Ироқ низ бо таъкид бар ин ки набарди Мавсил ҳамаи мувозинаҳоро дар сутуҳи дохилӣ, минтақаӣ ва байналмилалӣ дигаргун кард, гуфт: Чаҳор сол пас аз озодсозии Мавсил, давлат бар иҳтимоми шадиди худ ба такрор накардани иштибоҳоти гузаштаву авоқиби хатарноки он ки баҳои онро бо хун додем, таъкид дорад ва қотеона дар баробари терроризм меистад.

 

Бештар бихонед: