Ноябр 01, 2016 18:55 Asia/Dushanbe
  • Нахуствазири Ироқ: Сари афъии ДИИШ-ро қатъ мекунем

Нахуствазири Ироқ гуфт, террористҳои ДИИШ, ки дар Мусил ҳузур доранд, роҳе ҷуз таслим ва ё кушта шудан надоранд.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, Ҳайдар Алъибодӣ, нахуствазири Ироқ дар гуфтугӯ бо телевизиони расмии ин кишвар афзуд: Талош мекунем, роҳҳоро ба рӯи ДИИШ аз ҳама тараф бубандем ва иншоаллоҳ сари афъиро қатъ хоҳем кард.

Алъибодӣ ба мардуми дохили Мусил итминон дод, ки нерӯҳои ироқӣ ба ҳамаи рустоҳо ва навоҳӣ ва ҳар куҷо, ки мардум ҳастанд, пешравӣ кунанд ва барои наҷоти мардум фидокорӣ нишон диҳанд.‌

Нерӯҳои ироқӣ, амалиёти озодсозии Мусил аз ишғоли гурӯҳи террористии ДИИШ-ро аз ҳафдаҳуми октябр оғоз кардаанд.

Дар шонздаҳумин рӯзи ин амалиёт, фармондеҳи нерӯҳои мубориза бо терроризми Ироқ рӯзи сешанбе тайид кард, нерӯҳои ироқии маҳаллаи Кукҷалиро дар вурудии шарқии шаҳри Мусил озод кардаанд ва парчами Ироқро бар сохтмонҳои он барафроштаанд.

Кукҷалӣ минтақаи санъатӣ дар вурудии шарқии Мусил аст ва як километр бо марзҳои идории шаҳри Мусил фосила дорад.

Дар ҳамин ҳол ҳамзамон бо амалиёти озодсозии Мусил, ДИИШ 50 тан аз аъзои ин гурӯҳро ба иттиҳоми иртидод ва фирор аз мавозеашон, дар урдугоҳе низомӣ дар ҳумаи ин шаҳр эъдом кард.

Шабакаи телевизионии Алсумарияи Ироқ эълом кард, эъдомшудагон оворагоне аз дигар манотиқи Ироқ буданд ва замонӣ ба суфуфи ДИИШ пайвастанд, ки таҳдид ба марг шуда буданд.