Санъо: Ҳадафи таҷовузи эътилофи Саудӣ ғорати бештар аз қаламрави Яман аст
Узви шӯрои олии сиёсии Яман таъкид кард, эътилофи саудӣ бо таҷовуз алайҳи Яман барои ғасби заминҳои бештаре аз ин кишвар талош мекунад.
Ба гузориши шабакаи Ал-Масира рӯзи душанбе; Аҳмад ал-Раҳвӣ, узви Шӯрои олии сиёсии Яман гуфт, ки мавқеи доимии Санъо дифоъ аз кишвар аз таҷовузгарони саудӣ аст, ки мехоҳанд қаламрави Яманро ғорат кунанд.
Ал-Раҳвӣ бо ишора ба дастовардҳои низомӣ, амниятӣ ва иқтисодии Санъо дар тӯли солҳои таҷовузи эътилофи саъудӣ изҳор дошт, «Маҳдӣ ал-Машот » дар мақоми раиси шӯрои олии сиёсии Яман, тавони худро барои идораи кишвар бо вуҷӯди ҳамаи чолишҳое, ки таҷовузу муҳосира эҷод кардааст, собит кард.
Шӯрои олии сиёсии Яман рӯзи шанбе давраи раёсати ал-Машот бар ин шӯроро тамдид кард, ки аз 24 август пеши рӯи оғоз ва то 24 августи соли ояндаи милодӣ идома дорад.
Устонҳои марзии Ҷизон, Асир ва Наҷрон дар ҷануби Арабистони Саудӣ дар соли 1934 милодӣ ва дар пайи шикасти ҳокими вақти Яман дар ҷанг бо ҳукумати тозатаъсиси Арабистони Саудӣ ба муддати 60 сол ба иҷораи Арабистон даромад ва бо вуҷуди ин ки 22 сол пеш муддати ин қарордод ба поён расидааст, аммо Арабистон ба баҳонаҳои мухталиф аз истирдоди он имтиноъ кардааст.
Арабистон пешбинӣ мекард таҷовузи эътилофи Саудӣ алайҳи Яман ба гунае пеш равад, ки илова бар ин се устони кулли Яманро ба зери султаи худ дароварад, аммо муқовимати артиш ва комитетҳои мардумии Яман мӯҷиб шудааст, ки авзоъ ба гунае пеш равад,ки заминаро барои тасаллути муҷаддади яманиҳо бар устонҳои марзии Наҷрон, Асир ва Ҷизон фароҳам кардааст.
Бештар бихонед: