Июл 26, 2021 14:33 Asia/Dushanbe
  • Боздошти корманди Вазорати хориҷаи режими саҳюнистӣ ба иттиҳоми сафар ба Эрон
    Боздошти корманди Вазорати хориҷаи режими саҳюнистӣ ба иттиҳоми сафар ба Эрон

Расонаҳои саҳюнистӣ эълом карданд, як шаҳрванди саҳюнист ба ҷурми сафар ба Эрон аз тарафи созмонҳои амниятии саҳюнистӣ боздошт шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, расонаҳои саҳюнистӣ муддаӣ ҳастанд,ки донишҷӯи донишкадаи вазорати хориҷаи ин режим ба иттиҳоми сафари ғайриқонунӣ ба Эрон ва ҷосусӣ боздошт шудааст.

Рӯзнома Таймзи режими саҳюнистӣ аз фарди боздоштшуда ба унвони як донишҷӯе дар истихдоми вазорати хориҷаи ин режим ёд карда ва муддаӣ шудааст, вай ҳудуди 20 сол   дорад ва дар ин сафар бо авомили иттилоотии Эрон дар иртибот будааст.

Бар асоси ин гузориш, дар ҳоли ҳозир  Созмони амнияти дохилии режими Исроил ((Sheetbat) дар ҳоли таҳқиқ дар бораи ин сафар ва иттиҳомоти дигар  алайҳи фарди боздоштшуда аст.

Тибқи иттилооти дарёфтӣ, ин фард  пеш аз ин ки дар донишкадаи вазорати хориҷаи режими Исроил пазириш шавад ба Эрон сафар кардааст.

Ин иттиҳомот дар ҳоле матраҳ шудааст, ки вакили ин фард гуфтааст сафари ӯ ба Эрон  сафари туристӣ буда ва хонаводаи вай аз он бохабар будаанд.

Тибқи иддаои Таймзи режими саҳюнистӣ сафар ба Эрон барои шаҳрвандони Фаластини ишғолӣ ба ҳар далеле ва бо ҳар ҳадафе мамнӯъ аст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп