Август 02, 2021 10:21 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи дубора ба корвони логистикаи артиши террористи Амрико дар Ироқ

Манобеи ироқӣ якшанбе аз ҳадаф қарор гирифтани як корвони дигари артиши террористи Амрико дар Ироқ хабар доданд.

Шабакаи иттилоърасонии муқовимати Ироқ Алалом Алмуқовим эълом кард, як корвони логистикаи артиши террористи Амрико ҳайни убур аз шаҳри Ҳиллаҳи Ироқ ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст.

Ҳануз гузорише дар хусуси мизони хисорот ва талафоти эҳтимолии ношӣ аз ин ҳамла ироа нашудааст.

Расонаҳои ироқӣ сооте пеш низ аз мунҳадим шудани як корвони низомии логистикаи артиши террористи Амрико дар шаҳри Дайвонияи Ироқ хабар дода буданд.

Корвону пойгоҳҳои Низомии Амрико дар Ироқ таи моҳҳои ахир борҳо ҳадафи ҳамла қарор гирифтаанд.

Бисёре аз мардуму гурӯҳҳои ироқӣ хоҳони хуруҷи нерӯҳои террористи амрикоӣ аз Ироқ ҳастанд ва парлумони ин кишвар низ тарҳе дар бораи хуруҷи ин нерӯҳо тасвиб кардааст.

Бештар бихонед:

Парлумони Ироқ: Низомиёни амрикоӣ бояд аз Ироқ хориҷ шаванд

Ал-Козимӣ: Ироқ ба низомиёни амрикоӣ ниёзе надорад