Ҳамалоти тӯпхонаии артиши режими саҳюнистӣ ба ҷануби Лубнон
(last modified Fri, 06 Aug 2021 12:36:12 GMT )
Август 06, 2021 17:36 Asia/Dushanbe
  • Ҳамалоти тӯпхонаии артиши режими саҳюнистӣ ба ҷануби Лубнон

Манобеи расонаӣ аз ҳамалоти тӯпхонаии артиши режими саҳюнистӣ ба манотиқе дар ҷануби Лубнон хабар доданд.

Ба гузориши шабакаи “Алмаёдин”, имрӯз ҷумъа ва дақоиқе пас аз шиллики даҳҳо ракет тавассути муқовимати исломии Лубнон ба самти шимоли заминҳои ишғолӣ, тӯпхонаи режими саҳюнистӣ низ баландиҳои Шабъо ва Алҳабория, дар ҷануби Лубнонро гулӯлаборон кард.

Бар асоси ин гузориш, саҳюнистҳо бо гулӯлаи 155 милиметрӣ манотиқе дар ҷануби Лубнонро ҳадаф қарор додаанд, ки ҳамаи гулӯлаҳо дар фазои боз ба замин бархӯрд кардааст.

Ҳамзамон ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ ба сурати густарда бар фарози минтақаи Аларқуб, дар ҷануби Лубнон ба парвоз даромадаанд.

Дар ҳамин ҳол, нишастии амниятӣ миёни Нафтали Беннетт, нахуствазири режими саҳюнистӣ ва Бенни Гантз, вазири ҷанги режими саҳюнистӣ дар бораи ҳамлаи ракетӣ аз ҷануби Лубнон дар ҳоли баргузорӣ аст.

Нерӯҳои ҳофизи сулҳи Созмони Милал низ дар вокуниш ба иттифоқоти имрӯзи шароити марзи Лубнон бо сарзамини ишғолиро “бисёр хатарнок” тавсиф карда ва аз ҳамаи тарафҳо хостанд то даст аз ҳамалоти мутақобил бардоранд.

Ҳизбуллоҳи Лубнон субҳи имрӯз дар посух ба ҳамалоти рӯзи гузаштаи режими саҳюнистӣ бо даҳҳо гулӯлаи 122 милиметрӣ манотиқе дар шимоли сарзамини ишғолӣ дар минтақаи Алҷалилро дар посух ба ҳамлаи ҳавоии рӯзи гузаштаи режими саҳюнистӣ гулӯлаборон кард.

 

Бештар бихонед: