Ноябр 02, 2016 19:38 Asia/Dushanbe

Нахуствазири Ироқ дар бораи ҳар гуна таҷовузгарии Туркия дар хоки кишвараш ҳушдор дод.

Ба гузориши Хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Ҳайдар ал-Ибодӣ - нахуствазири Ироқ асри сешанбе дар вокуниш ба истиқрори танкҳои артиши Туркия дар марзи Ироқ таъкид кард, ҳар гуна таҷовузи эҳтимолии Туркия ба хоки Ироқ, ба тақсими хоки Туркия мунҷар хоҳад шуд.

Неруҳои мусаллаҳи Туркия рӯзи сешанбе истиқрори танкҳо ва худравҳои зиреҳиро дар минтиқаи Сайлупӣ дар устони Шарноқи наздики марзи Ироқ оғоз кардаанд.

Иллати истиқрори танкҳо дар ин минтақа баён нашудааст, аммо Раҷаб Таййиб Ардуғон – раиси ҷумҳурии Туркия, рӯзи шанбеи гузашта бо баёни ин, ки Анқара ҳузури низомии худро дар шаҳри Сайлупӣ дар марзи Ироқ афзоиш медиҳад, ба неруҳои басиҷи мардумии Ироқ (Ҳашдушшаъбӣ) дар бораи вуруд ба шаҳри Талъафар ҳушдор дод.

Истиқрори таҷҳизоти низомии Туркия дар марзи Ироқ дар ҳоле аст, ки амалиёти озодсозии шаҳри Мусил ҳабдаҳумин рӯзи худро бо муваффақият сипарӣ кард.

Дар ҳабдаҳумин рӯзи амалиёти озодсозии Мусил, артиши Ироқ вориди ҷанги чирикӣ шудааст.

Фармондеҳи амалиёти муштараки Ироқ эълом кард, неруҳои муштараки Ироқ бо оғози ҷанги чирикӣ, тавонистанд ҷабҳаи дифоии гурӯҳи террористии ДИИШ-ро дар Мусил бишикананд ва контроли шуморе аз манотиқ ва сохтмонҳо, аз ҷумла сохтмони телевизионро ба даст бигиранд.