Август 07, 2021 16:20 Asia/Dushanbe
  • Ҳамос нишасти оддисозии равобити “СОФ” бо режими саҳюнистиро маҳкум кард

Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос), инҳирофи хатарноки аъзои Кумитаи иҷроии Созмони озодибахши Фаластин (СОФ), вазирон ва масъулони Ташкилоти худгардон ва нишасти онон бо мақомоти саҳюнистӣ бо ҳадафи оддисозии равобитро маҳкум кард.

Ҳамос бо интишори баёнияе ба ин мавзӯ вокуниш нишон дод ва эълом кард, ки ин нишастҳо ҳамаи арзишҳои миллиро зери суол мебарад ва эҳсосоти миллати Фаластин, асирон, ҷонбозон ва хонаводаҳои шаҳидон ва маҷруҳонро ҷариҳадор мекунад.

Дар ин баёния омадааст; иқдоми "СОФ" ва "Ташкилоти худгарон", ҳамаи рашодатҳо ва исоргариҳои миллати Фаластин ва муқовимати салаҳшӯронаи ононро дар баробари ишғолгарони саҳюнист бесамар мегузорад.

Ин баёния таъкид кардааст, ин нишастҳо як инҳирофи хатарнок ба шумор меравад ва миллати Фаластин ҳаргиз чунин чизеро намепазирад. Миллате, ки бевақфа ба исоргариҳо ва рашодатофариниҳои худ идома медиҳад ва Ҳамос аз ҳамаи гурӯҳҳо, тайфҳо ва ҷараёнҳои муборизи Фаластин хостааст то ба муқобила бо ҷараёни саҳюнистзадаи «СОФ» бархезанд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп