Август 10, 2021 16:34 Asia/Dushanbe
  • Талоши Ироқ барои баргузории нишасти дуҷонибаи Эрону Арабистон дар Бағдод

Ироқ қасд дорад дар ҳошияи конфронси Бағдод заминаи баргузории нишасти дуҷониба миёни Арабистону Эронро фароҳам кунад.

Ба гузориши шабакаи хабарии Ал Маёдин, қарор аст, конфронсе дар Бағдод бо ҳузури сарони кишварҳои Арабистон, Эрон, Туркия, Иморот, Қатар, Миср ва Урдун баргузор шавад ва Ироқ талош дорад ин кишварҳоро аз назари аҳдофи муштарак ба якдигар наздик кунад.

Бар асоси ин гузориш ​интизор меравад, Эммануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса низ дар конфронси Бағдод ширкат кунад.

Дар сурати анҷом ин дувумин сафари Макрон ба Ироқ дар камтар аз як соли гузашта хоҳад буд.

Ал Маёдин бо ишора ба талошҳои Ироқ барои баргузории нишасти дуҷониба байни Арабистони Саудӣ ва Эрон дар ҳошияи ин конфронс таъкид кард, Бағдод ба дунболи поён додани қатъи иртибот байни Теҳрону Риёз пас аз дидорҳои дуҷонибаи ғайриаланӣ миёни ду тараф аст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп