Август 13, 2021 17:40 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ҷиноёти гурӯҳакҳои террористӣ дар Даръо

Ҷиноёти гурӯҳҳои террористӣ дар шаҳри Даръо дар ҳоле идома дорад, ки аҳолии он хостори ихроҷи террористҳо ва поён додан ба вазъияти ғайриодии шаҳрашон шудаанд.

Ба гузориши хабаргузории расмии Сурия (Сана), гурӯҳҳои террористии боқимонда дар маҳаллаи “Даръо Албилод” ва бархе аз манотиқи ғарбии устони Даръо ба ҷиноёти худ алайҳи аҳолӣ идома ва ҳамалотеро алайҳи артиши Сурия анҷом медиҳанд, дар ҳоле ки давлату артиш барои ҳалли вазъияту барқарории амнияту субот ва ҳифозат аз мардум аз тариқи гуфтугӯ дар талош аст.

Пас аз талошҳои зиёди давлат барои ҳалли вазъият дар баъзе манотиқи устони Даръо, ба вижа дар минтақаи “Даръо Албилод” аз тариқи гуфтугӯ, гурӯҳҳои террористӣ ҳамла ба автобусҳои ҳомили ғайринизомиён ва истҳои бозрасии артиш ҳамчунон дар талош барои манъи барқарории амнияту субот дар саросари устон ҳастанд.

Вазорати умури хориҷаи Сурия сиёсатҳои таҳрикомезу асосёфта бар нифоқи Англия ва Иттиҳоди Аврупо дар бораи вазъият дар устони Даръоро маҳкум ва таъкид кард, ин сиёсатҳо талоше номуваффақ ва ошкор барои коҳиши фишор бар террористҳо дар ин устон аст.

Бо вуҷуде ки артиши Сурия миёнаҳои июли 2017 аксари манотиқи Даръоро таҳти контроли худ даровардаанд, аммо ҳамчунон гурӯҳе аз террористҳо бар манотиқе аз ин устон контрол доранд.

Акнун бо вуҷуди ин ки артишу кумитаҳои марказии шаҳри Даръо барои лағви муҳосира ва поён додан ба амалиёти низомӣ алайҳи Даръо ба тавофуқ расиданд, аммо унсури мусаллаҳу террористӣ ба ҳамалоту хушунатҳои худ дар сатҳи шаҳру атрофи он идома медиҳанд.

 

Бештар бихонед: