Ноябр 03, 2016 14:05 Asia/Dushanbe
  • Охирин муҳлати артиш Сурия ба террористҳо барои хуруҷ аз Ҳалаб

Фармондеҳи кулли артиш ва неруҳои мусаллаҳи Сурия аз террористҳо хост, аз оташбаси рӯзи ҷумъа ба унвони охирин фурсат истифода карда ва аз шаҳри Ҳалаб хориҷ шаванд.

Ба гузориши ИРНА, фармондеҳи кулли артиш ва неруҳои мусаллаҳи Сурия,  чаҳоршанбешаб дар баёнияе эълом кард, ки рӯзи ҷумъа аз соати 9 субҳ то 19 шаб амаи гузаргоҳҳои аз пеш таъйин шуда, барои хуруҷи афроди мусаллаҳ ва ғайринизомён аз маҳаллаҳои шарқи Ҳалаб боз аст.

Дар баёнияи фармондеҳи кулли артиши Сурия омадааст, ки пас аз муваффақияти неруҳои мусаллаҳ дар ноком гузоштани тамоми талошҳои гурӯҳҳои террористӣ барои шикастани муҳосираи маҳаллаҳои шарқи Ҳалаб, барои ҷилавгирӣ аз рехтани хунҳои бештар, рӯзи ҷумъа як муҳлати дигар аз соати 9 субҳ то 19 барои хуруҷи афроди мусаллаҳ ва ғайринизомён аз шарқи Ҳалаб дода мешавад.  

Фармондеҳи артиши Сурия аз ҳамаи афроди мусаллаҳ хост, бо поён додан ба ҷанг ва истифода аз ин фурсати инсонӣ, бо силоҳи шахсии ҳамроҳи худ аз масири гузаргоҳи Костило дар шимол ва ё гузаргоҳи бозори Хайрияи Алмушориқа ба мақсади устони Идлиб хориҷ шаванд.

Артиши Сурия аз ғайринизомёне, ки моил ҳастанд аз маҳаллаҳои шарқи Ҳалаб хориҷ шаванд хост, ки аз шаш гузаргоҳе, ки барои хуруҷи ғайринизомён, маҷрӯҳон ва беморон дар назар гирифта шудааст, истифода кунанд.