Баргузории маросими шаби Ошӯро дар Карбалову Наҷаф
Хайли азими муштоқони сарвару солори шаҳидон,Имом Ҳусайн ( ъ ) маросими шаби Ошӯроро дар фазойи оканда аз ҳузну андӯҳ баргузор карданд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабкаи Алминор, маросими шаби Ошўро дар шаҳри муқаддаси Карбало бо ҳузури миллионҳо мусулмон аз мардуми Ироқу хориҷ аз он дар миёни фазойи оканда аз ҳузну андӯҳ баргузор шуд .
Ҳамчунин азодорон шаби даҳуми моҳи муҳаррамро дар наздикии боргоҳи Имом Алӣ ( ъ ) дар Наҷафи ашраф дар миёни тадобири шадиди амниятӣ ва ҳузури тимҳои пизишкӣ баргузор карданд . Фоҳим Алкритӣ- масъӯли бахши расонаии фармондеҳии амалиёти Карбало эълом кард : Тимҳои пизишкӣ дар ҳамаи меҳварҳо мустақар ҳастанду иқдом ба тақсими ниқоб ва маводи зиддиуфуникунанда ба зоирон мекунанд ва ба зоирон тавсияҳои лозимро барои тавваҷуҳ ба риояти протоколҳои беҳдоштӣ менамоянд .
Дар рӯзҳои гузашта ва дар остонаи баргузории маросими Ошӯрои ҳусайнӣ дар Карбалои муъалло ва соири шаҳрҳои мазҳабии Ироқ мақомоти ироқӣ дар хусуси иҷрои тарҳҳои вижаи амниятӣ ва иттихози тадобири хадамотӣ ва беҳдоштии лозим тибқи барномарезиҳои суратгирифта, итминон дода буданд .
Ба гуфтаи мақомоти Ироқ ҳарсола беш аз ду миллион нафар дар маросими Ошӯрои ҳусайнӣ дар Карбалои муъалло ширкат мекунанд .