Ҳамлаи паҳподии Яман ба ҷануби ғарби Арабистони саъӯдӣ
(last modified Mon, 23 Aug 2021 05:54:06 GMT )
Август 23, 2021 10:54 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи паҳподии Яман ба ҷануби ғарби Арабистони саъӯдӣ

Расонаҳои саъӯдӣ аз ҳамлаи паҳподии артиш ва кумитаҳои мардумии Яман ба ҷануби ғарби Арабистони хабар доданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, телевизиони расмии режими Арабистон шомгоҳи якшанбе ба нақл аз  Турки Алмоликӣ- сухангӯи эътилофи мутаҷовизи саъӯдӣ эълом кард : Як паҳподи бомбгузоришудаи артиши Яман ба самти минтақаи « Хамис машит » дар ҷануби ғарбии Арабистон шиллек шудааст .
Алмоликӣ дар ин гузориш бидуни ишора ба навъи ин паҳпод муддаӣ шуд : Дифои зиддиҳавоии Арабистон, паҳподи яманиро раҳгирӣ ва нобуд кардааст .
Артишу кумитаҳои мардумии Яман то кунун вокунише нисбат ба иддаои сухангӯи эътилофи саъӯдӣ нишон надоданд .
Мақомоти давлати Наҷоти миллии Яман борҳо таъкид кардаанд, то замоне, ки эътилофи саъӯдӣ ҷанг алайҳи Яманро мутаваққиф накарда ва муҳосираро барнадорад, посухи артишу кумитаҳои мардумии Яман ба таҷовузот низ идома хоҳад дошт.
Арабистон бо ҳимояти Амрикоморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст .



Бештар бихонед :