Ноябр 04, 2016 19:02 Asia/Dushanbe
  • Ақибнишинии нерӯҳои Горди миллии Арабистон аз марзҳои Яман

Арабистони Саудӣ нерӯҳои Горди миллии худро аз саҳнаи даргирӣ бо яманиҳо дар марзҳои муштарак бо Яман хориҷ кард.

Ба гузориши рӯзи ҷумъаи пойгоҳи интернетии шабакаи телевизионии “Набо”, шоҳзода Мутъаб бин Абдуллоҳ бин Абдулазиз Оли Сауд, вазири Горди миллӣ аз низомиёни бозгашта аз саҳнаи набард дар марзҳои Арабистон бо Яман истиқбол кард ва муддаӣ шуд, мушорикати онон дар ин маъмурият ба поён расидааст.

Арабистон дар ҳоле нерӯҳои Горди миллии худро аз манотиқи марзӣ бо Яман хориҷ карда, ки талафоти ҷониву моддии он кишвар дар ҳамла ба Яман ба таври рӯзафзун дар ҳоли афзоиш аст.

Шумори зиёде аз низомиёни Арабистон дар ҷараёни ҳамла ба Яман кушта шуданд.

Режими Оли Сауд аз марти соли 2015 бо ҳимояти Амрико ва бархе кишварҳои арабӣ ба Яман ҳамла кардааст то Абдуррабеҳ Мансури Ҳодӣ, раиси ҷумҳурии мустаъфии ин кишварро ба қудрат бозгардонад.