Таътили шабакаи иморотӣ ба хотири ҳимоят аз Басиҷи мардумии Ироқ
Давлати Иморот дафтари шабакаи “Скай нюс” -и арабӣ дар Бағдод, пойтахти Ироқро ба хотири ин ки коркунонаш ҳозир нашуданд нерӯҳои мардумиро шибҳинизомӣ биноманд, таътил кард.
Ба гузориши рӯзи ҷумъаи шабакаи телевизионии “Алолам”, Дидабони озодии расонаии Ироқ бо судури баёнияе эълом кард, давлати Иморот бидуни ҳар гуна тавзеҳи расмӣ, тайи дастуре дафтари шабакаи “Скай нюс”-и арабӣ дар Бағдод таътил ва коркунони онро фаро хонд.
Бар асоси ин гузориш, Иморот ҳуқуқи коркунони ин шабакаро низ пардохт накардааст.
Дидабони озодии расонаии Ироқ таъкид кард, коркунони шабакаи “Скай нюс” -и арабӣ дар Бағдод, аз чанд моҳи пеш таҳти фишор қарор гирифта буданд то нерӯҳои Басиҷи мардумии Ироқро шибҳинизомӣ тавсиф кунанд.
Нерӯҳои Басиҷи мардумии Ироқ дар канори нерӯҳои артиш ва Пешмаргаи курди Ироқ дар ҳоли мубориза бо гурӯҳи террористии ДИИШ дар Мусил ҳастанд.
Ситоди итилоърасонии ҷанг дар Ироқ низ чаҳоршанбеи гузашта дар баёнияе дурӯғпардозии шабакаи иморотии "Скай нюс”-и арабӣ зидди нерӯҳои ироқиро дар чорчӯби ҳимояти расонаӣ аз гурӯҳи террористии ДИИШ донист.