Нақзи оташбас дар шарқи Ҳалаб тавассути гурӯҳҳои мусаллаҳ
Гурӯҳҳои мусаллаҳ дар шарқи Ҳалаб, шимоли Сурия оташбаси якҷониба эъломшуда тавассути Русияро нақз карданд.
Ба гузориши шабакаи телевизионии “Алминор”-и Лубнон, гурӯҳҳои мусаллаҳ дар шарқи Ҳалаб рӯзи ҷумъа ин оташбасро нақз ва ба гузаргоҳи Кастелло дар наздикии Ҳалаб ҳамла карданд.
Ин гузаргоҳ барои хуруҷи ғайринизомиёни сурӣ аз маҳаллаҳои шарқи Ҳалаб таъйин шудааст.
Русия рӯзи ҷумъа аз иҷрои оташбаси якҷониба ба муддати 10 соат дар бахши шарқии шаҳри Ҳалаби Сурия хабар дод.
Телевизиони давлатии Сурия низ аз захмӣ шудани хабарнигори шабакаи сурии “Алахбория” бар асари исобати таркиши ракетӣ, ки террористҳо ба гузаргоҳи Кастелло шиллик карданд, хабар дод.
Ин дувумин маврид аз оташбаси якҷонибаи эъломшуда аз сӯйи Русия дар камтар аз як моҳи гузашта дар Ҳалаб маҳсуб мешавад, ки ба муддати се рӯз дар авохири октябри соли 2016 дар Ҳалаб амалӣ шуд.