Ноябр 05, 2016 09:47 Asia/Dushanbe
  • Медведев: Авлавияти масъалаи Сурия ҳифзи якпорчагии ин кишвар аст

Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия эълом кард, Русия авлавият дар ҳалли масъалаи Сурияро ҳифзи якпорчагии ин кишвар медонад ва гурӯҳҳои мусаллаҳ бояд аз террористҳо ҷудо шаванд.

Ба гузориши ИРНА, нахуствазири Русия рӯзи ҷумъа гуфт, ҳадафи аслӣ дар ҳаллу фасли масъалаи Сурия ҳифзи якпорчагии ин кишвар ва ҷилавгирӣ аз тақсими он ба манотиқи таҳти контроли террористҳост. Ӯ бо ишора ба ин ки масъалаи Сурия роҳкори низомӣ надорад, афзуд, афроде, ки хоҳони сулҳу оромиш дар Сурия ҳастанд, бояд пушти мизи музокира бинишинанд ва дар мавриди сарнавишти ин кишвару низоми сиёсии он ба тавофуқ бирсанд. Ба гуфтаи Медведев, нуктаи аслӣ ин аст, ки масъалаи Сурия ба таври мусолиматомез ҳаллу фасл шавад ва тамоми нерӯҳои сиёсии созандаи ин кишвар дар он мушорикат кунанд.

Нахуствазири Русия бо ишора ба ин ки Башор Асад, раисҷумҳури қонунии Сурия аст, таъкид кард, ӯ бояд дар раванди ҳаллу фасли сиёсии ин кишвар мушорикат дошта бошад. Медведев гуфт, то замоне ки сарнавишти низоми сиёсии Сурия таъйин мешавад, Башор Асад бояд дар қудрат боқӣ бимонад ва мавзеи Русия бар ин амр устувор шудааст.

Ин мақоми рус дар идома дар робита ба дахолати Амрико ва Иттиҳоди Аврупо дар умури дохилии Сурия ишора намуда, ин сиёсатро хатарнок хонд.