Сентябр 28, 2021 11:02 Asia/Dushanbe
  • Дафъи ҳамлаи паҳподии террористҳо ба пойгоҳи Ҳумаймим дар Сурия

Маркази русии «Оштӣ» дар Сурия аз ҳамлаи паҳподии террористҳо ба пойгоҳи ин кишвар дар шимоли Сурия хабар дод.

Ба гузориши шабакаи хабарии «Русия Алявм», маркази русии «Оштӣ» дар Сурия эълом кард, бомдоди сешанбе падофанди ҳавоии пойгоҳи Ҳумаймим дар Сурия як паҳподро сарнагун кардааст.

Ба гуфтаи ин марказ, ин паҳпод аз минтақаи таҳти ишғоли террористҳо шиллик шуда буд ва як сомонаи падофандӣ дар Ҳумаймим ин паҳподро дар масофати дуре аз ин пойгоҳ мунҳадим кардааст.

Бар асоси ин баёния, дар пайи ин ҳамла ҳеҷ зарари моддӣ ё осеби ҷонӣ сурат нагирифтааст ва Ҳумаймим низ фаъолияти табиии худро анҷом медиҳад.

Режими саҳюнистӣ гоҳ - гоҳе манотиқеро дар ҷануби Сурия ҳадафи ҳамалоти мушакӣ ва паҳподӣ қарор медиҳад, ки бештари ин ҳамалот барои боло бурдани рӯҳияи террористҳои таҳти ҳимояти ин режим дар Сурия аст.

Давлати Сурия борҳо эълом кардааст, режими Исроил ва муттаҳидони минтақаӣ ва ғарбии он аз гуруҳҳои такфирии террористӣ, ки зидди давлати Сурия меҷанганд, ҳимоят мекунанд.

 

Бештар бихонед: