Октябр 23, 2021 10:46 Asia/Dushanbe
  • Омори даҳшатноки ҷиноёти эътилофи кудаккуши Саудӣ дар Яман

Як созмони ҳуқуқи башарӣ бо интишори гузорише аз кушта ва маҷруҳ шудани беш аз 13 ҳазор зану кудаки яманӣ, тайи 2 ҳазору 400 рӯзи таҷовузи эътилофи Саудӣ ба Яман хабар дод.

Созмони "Интисоф", ки дар заминаи ҳуқуқи занону кудакон фаъолият дорад дар гузорише эълом кард, тайи 2400 рӯзи таҷовузи эътилофи Саудӣ ба Яман, 13 ҳазору 199 зану кудак кушта ва маҷруҳ шудаанд.

Бар асоси ин гузориш, тайи ин муддат, 6 ҳазору 266 зану кудаки яманӣ кушта шудаанд, ки аз ин теъдоди 2 ҳазору 408 нафар зан ва се ҳазору 818 нафар кудак буданд.

6 ҳазору 979 зан ва кудаки яманӣ низ дар муддати 2400 рӯзи таҷовузи эътилофи Саудӣ ба Яман маҷруҳ шудаанд, ки аз ин теъдод 2 ҳазору 822 нафар зан ва 4 ҳазору 157 нафар кудак ҳастанд.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи ин кишвар кардааст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп