Ноябр 09, 2016 20:07 Asia/Dushanbe
  • Террористҳои ДИИШ 30 нафарро бо барқ эъдом карданд

Гурӯҳи такфирӣ-террористии ДИИШ 30 нафарро ба иттиҳоми ҷосусӣ, бо барқ эъдом кард.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии ас-Сумрия, як манбаи маҳаллӣ дар вилояти Найнаво гуфт, гурӯҳи ДИИШ 30 ғайринизомиро дар маркази Мавсил ба иттиҳоми ҷосусӣ барои неруҳои давлатӣ бо барқ эъдом кардааст.

Ас-сумрия ба нақл аз ин манбаъ афзуд: Аъзои ДИИШ ин афродро дар соҳили самти рости Даҷла дар Мавсил эъдом ва аз эъдоми онон филмбардорӣ кардаанд.

Ин афрод дар додгоҳи мавсум ба “Маҳкамаи шаръии вилояти Найнаво” ба марг маҳкум шудаанд.

 Неруҳои амниятии муштараки Ироқ ба амалиёти озодсозии Найнаво аз дасти ДИИШ идома медиҳанд ва бо пуштибонии ҳавоии неруҳои эътилофи байналамллӣ ва неруи ҳавоии Ироқ дар ҳоли пешравӣ ҳастанд.