Октябр 27, 2021 13:04 Asia/Dushanbe
  • Муҳосираи Ғазза бояд поён ёбад/ Таъкид бар озодии асирони фаластинӣ

Дабири кулли Ҷумбиши ҷиҳоди исломӣ бар поён ёфтани муҳосираи навори Ғазза таъкид кард ва гуфт: Муҳимтарин вазифаи мо озодии асирони фаластинӣ аст.

Ба гузориши «Фаластин алявм», Зиёд Аннахола, дабири кулли Ҷумбиши ҷиҳоди исломии Фаластин изҳор дошт: Муҳосираи Ғазза ҷиноят ва ҷанге нобаробар алайҳи миллати Фаластин аст ва бояд бидуни додани ҳар гуна имтиёзу ақибнишинӣ аз сӯйи муқовимат, поён ёбад.

Аннахола зарурати бозсозии харобиҳои бавуҷудомада дар Ғазза дар пайи таҷовузи режими саҳюнистиро хостор шуд ва гуфт: Бозсозии Ғазза масъулияти ҳамаи кишварҳое аст, ки дар қиболи муҳосираи Ғазза сукут кардаанд.

Борикаи Ғазза аз соли 2006 таҳти муҳосираи заминӣ, ҳавоӣ ва дарёии Исроил қарор дорад ва сокинони ин борика бо мушкилоти бисёре рӯ ба рӯ ҳастанд.

Дабири кулли Ҷиҳоди исломии Фаластин дар идомаи суханони худ бар ҳимояти қотеонаи ин ҷумбиш аз усарои фаластинӣ таъкид карду афзуд: Ҷанг бо режими саҳюнистӣ дар хусуси озодии усарои фаластинӣ мутаваққиф нашуда ва то озодии онҳо идома хоҳад дошт.

 

Бештар бихонед: