Ноябр 05, 2021 18:40 Asia/Dushanbe
  • Тадобири шадиди амниятӣ дар Бағдод дар остонаи тазоҳуроти «Ҷумъаи фурсати ниҳоӣ»

Манобеи расонаӣ аз рӯйи даст гирифтани тадобири шадиди амниятӣ дар Бағдод дар остонаи баргузории тазоҳуроти «Ҷумъаи фурсати ниҳоӣ» хабар доданд.

Ба гузориши “Алқудс-ал-Арабӣ”, ба дунболи эҳтимоли баргузории тазоҳуроти «Ҷумъаи фурсати ниҳоӣ» дар ростои эъломи натоиҷи интихоботи парлумонии ахир, нерӯҳои амниятии Ироқ аз субҳи имрӯз - ҷумъа ба таври густардае дар атрофи минтақаи Сабзи Бағдод мустақар шудаанд.

Бар асоси ин гузориш, нерӯҳои муқобила бо шӯриш низ чанд хиёбони аслӣ дар Бағдодро масдуд кардаву тадобири шадиди амниятиро дар минтақаи Сабз иттихоз кардаанд.

Ин тадобир пас аз он иттихоз шудааст, ки кумитаи мавсум ба Кумитаи омодасозии тазоҳурот алайҳи натоиҷи интихоботи Ироқ хостори баргузории ин тазоҳурот дар сурати адами тағйири натоиҷи интихобот шуд.

Интихоботи парлумонии зудҳангоми Ироқ даҳуми октябри 2021 баргузор шуд. Бар асоси эъломи натоиҷи Комиссияи интихоботи Ироқ, ҷараёни Садр бо касби 73 курсӣ дар садри натоиҷи интихоботи порлумонии Ироқ қарор гирифт.

Бархе гуруҳҳои сиёсии Ироқ аз қувваи қазоияи ин кишвар хостанд то ба эътирозот дар бораи натоиҷи интихоботи парлумонӣ расидагӣ кунад.

Дар пайи ин дархост Комиссияи интихоботи Ироқ дар рӯзҳои гузашта шумориши дастии оро дар ҳавзаҳои интихобии мавриди муноқиша дар бархе вилоятҳоро оғоз кард, ки шумориши теъдоде аз онҳо низ ба поён расидааст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп