Декабр 01, 2021 17:12 Asia/Dushanbe
  • Ҳамла ба корвони пуштибонии артиши Амрико дар Ироқ

Манобеи расонаӣ аз ҳамлаи ҷадид ба корвони пуштибонии артиши Амрико дар маркази Ироқ хабар доданд.

Ба гузориши “Шафақ нюз”, як корвони пуштибонии артиши Амрико дар вилояти Бобул, дар маркази Ироқ ҳадафи ҳамла қарор гирифт.

Ҳамалот ба корвони пуштибонии артиши Амрико тайи рӯзҳои гузашта бештар шудааст.

Манобеи ироқӣ шанбешаб низ аз ҳадаф қарор гирифтани як корвони дигари артиши террористи Амрико дар шаҳри Носирияи Ироқ хабар доданд.

Корвон ва пойгоҳҳои низомии Амрико дар Ироқ тайи моҳҳои ахир борҳо ҳадафи ҳамла қарор гирифтаанд.

Бисёре аз мардум ва гуруҳҳои ироқӣ хоҳони хуруҷи неруҳои террористи амрикоӣ аз Ироқ ҳастанд ва парлумони ин кишвар низ тарҳе дар бораи хуруҷи ин неруҳо тасвиб кардааст.

 

Барчасп