Ҳамалоти Эътилофи мутаҷовизи саудӣ ба пойтахти Яман
(last modified Thu, 09 Dec 2021 07:20:36 GMT )
Декабр 09, 2021 12:20 Asia/Dushanbe
  • Ҳамалоти Эътилофи мутаҷовизи саудӣ ба пойтахти Яман

Расонаҳои арабӣ аз ҳамалоти ҳавоии Эътилофи мутаҷовизи саудӣ ба пойтахти Яман хабар доданд.

Ба гузориши Бошгоҳи иттилорасонии Давлати наҷоти миллии Яман, Эътилофи саудӣ бомдоди панҷшанбе амалиётеро алайҳи манотиқе Санъо- пойтахти Яман анҷом дод.

Турки Ал Моликӣ, сухангӯи Эътилофи ҷинояткори саудӣ бо ишора ба анҷоми ҳамалоти ҳавоӣ алайҳи манотиқи мухталифе дар Санъо, муддаӣ шуд, анборҳо ва коргоҳҳои сохти мӯшакҳои болистик ва паҳподҳоро нобуд кардааст.

Дар баёнияи Эътилофи мутаҷовизи саудӣ иддао шудааст, мо дар посух ба таҳдиди ҳамалоти болистик ва ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Яман, амалиёти густардаеро барои аҳдофи низомӣ анҷом додем.

Тайи моҳҳои ахир нерӯҳои артиш ва кумитаҳои мардумии Яман даври ҷадиде аз амалиёти озодсозии устон ва шаҳри Маарибро ба унвони қалби давлати мустаъфӣ оғоз кардаанд. Устони Маариб ба иллати доро будани манобеи ғании нафту газ, аз арзиши иқтисодии болое бархӯрдор аст.

Муҳаммад Ал Бахитӣ, узви Шӯрои сиёсии ҷумбиши Ансоруллоҳи Яман бо ишора ба наздик шудан ба лаҳазоти таъйинкунанда дар набарди ҷабҳаи маариб, таъкид кард, ки нерҳои  Санъо таҳти фишорҳои мардумӣ қарор доранд ва мардум аз онҳо мехоҳанд, ки Маарибро озод кунанд.

Бештар бихонед: