Ноябр 13, 2016 17:45 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи шимиёии ДИИШ ба шимоли Ироқ

Гурӯҳи террористии ДИИШ манотиқеро, ки дар шимоли Ироқ аз даст медиҳад, ҳадафи ҳамалоти шимиёӣ қарор ме‎диҳад.

Ба гузориши шабакаи телевизионии “Алолам”, гурӯҳи террористии ДИИШ шанбешаб минтақае аз шаҳри Ашшарқот, дар шимоли вилояти Салоҳуддини Ироқро ҳадафи ҳамалоти шимиёии худ қарор дод, ки дар ин ҳамалот се нафар кушта ва ду нафар захмӣ шуданд.

Ҳамчунин нерӯи ҳавоии Ироқ бо пахши эъломия дар шаҳри Мусил, аз мардуми ин шаҳр хост, зимни риояти ҳушёрӣ ва рӯйи даст гирифтани тадобири лозим барои ҳифзи ҷони худ, омодаи ҳамла бо террористҳои ДИИШ бошанд.

Дар хабари дигаре аз Мусил, артиши Ироқ яке аз тӯлонитарин туннелҳои мутааллиқ ба афроди ДИИШ бо шохаҳои мутафовити фаръиро кашф кард.

Нерӯҳои амниятии Ироқ бо мушорикати нерӯҳои полис, нерӯҳои пешмаргаи курд, қабоил ва нерӯҳои мардумии ин кишвар, аз 17-уми октябри соли 2016 ба амалиёти озодсозии Мусил аз ишғоли ДИИШ идома медиҳанд.