Бамбаборони пойтахти Яман тавассути Эътилофи мутаҷовизи Саудӣ
Манобеи расонаӣ аз ҳамалоти ҳавоии мутаҷовизони Эътилофи саудӣ ба Санъо, пойтахти Яман хабар доданд.
Ба гузориши Алмасира, эътилофи саудӣ дар ин ҳамалот манотиқе дар Санъо, аз ҷумлаи Ассабъинро мавриди ҳадаф қарор дод.
Сухангӯи Эътилофи саудӣ бо судури баёнияе муддаӣ шуд, аҳдофе, ки ҳамла ба он ҷо сурат гирифтааст, аҳдофи машруи низомӣ будаанд.
Таъйиди ҳамалоти Саудӣ аз сӯи манобеи расмии ин кишвар дар ҳоле рух медиҳад, ки Файсал бин Фарҳон, вазири хориҷаи Арабистон чанде пеш аз гуфтугӯ бо Амрико барои поён додан ба ҷанги Яман хабар дод.
Ҷангафрӯзиҳои Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман аз марти 2015 то кунун ба куштаву захмӣ шудани садҳо ҳазор яманӣ ва оворагии 4 миллион нафар мунҷар шудааст.