Декабр 15, 2021 17:09 Asia/Dushanbe
  • Маъмурони саркӯби режими саҳюнистӣ амалиёт дар Бокӯро тамрин карданд

Сафорати режими саҳюнистӣ аз баргузории размоиши муштарак бо неруҳои амниятии Ҷумҳурии Озарбойҷон хабар дод.

Сафорати режими саҳюнистӣ дар твитте навишт: “Сафорат ва неруҳои амниятии Озарбойҷон размоиши муштаракеро бо ҳадафи тақвияту таҳкими ҳамкории амниятии мо анҷом доданд. Мо мехоҳем аз неруҳои амниятии Озарбойҷон ба хотири фидокорӣ ва азми мудовими онҳо ташаккур кунем”.

Шабакаи саудии “Эрон Интернешнл” низ ба нақл аз сафорати режими саҳюнистӣ аз баргузор шудани манёври муштарак бо Ҷумҳурии Озарбойҷон хабар дод .

Аксҳое, ки Сафорати режими саҳюнистӣ аз манёври муштараки неруҳои амниятии ин сафорат бо маъмурони амниятии Ҷумҳурии Озарбойҷон мунташир карда, нишон медиҳад, ки маъмурони саркӯби ду тараф дар болконҳои сохтмонҳои Боку манёври муштарак баргузор кардаанд.

Моҳияти ин манёвр нишон медиҳад, ки воҳидҳои саркӯби Моссади режими саҳюнистӣ худро барои амалиёти мустақими худ алайҳи мардуми Ҷумҳурии Озарбойҷон дар сурати бурузи эътирозоти мардумӣ дар ин кишвар омода мекунанд.