Декабр 22, 2021 14:43 Asia/Dushanbe
  • Саудиҳо сирфан бо вахим шудани ҳоли сафири Эрон,иҷозаи интиқоли вайро содир карданд
    Саудиҳо сирфан бо вахим шудани ҳоли сафири Эрон,иҷозаи интиқоли вайро содир карданд

Шаҳодати Ҳасан Ирлу, сафири ҷумҳурии Исломии Эрон дар Санъо пойтахти Яман ,абъоди мухталифи ҷинояти Оли Сауд дар Яманро нишон дод.

Ҳудуди 7 сол аз ҷанги  эътилофи Саъудӣ алайҳи Яман ва беш аз 5 сол аз муҳосираи ин кишвар тавассути Арабистон ва таввақуфи  фаъолияти фурудгоҳи байналмиллалии Санъо мегузарад.Агар чӣ то кунун мардуми Яман борҳо иқдоми саъудро дар муҳосираи ин кишвар маҳкум карда ва хостори поёни ин муҳосира ва оғози фаъолияти фурудгохи Саъно шуданд ва бархе наҳодҳои байналмиллали низ ин мавзӯъро матраҳ карданд,аммо Арабистони Саудӣ аз анҷоми он худдори кард.

Абдулмалик Алҳавсӣ ,раҳбари Ансоруллоҳи Яман якшанбеи гузашта бо истифода аз руйкарди Риёз гуфт ,Оли Сауд осмони Санъоро баста, аммо осмони Арабистонро ба баруй ҳавопаймои Исроили боз кардааст.

Акнун шаҳодати Ҳасан Ирлу,сафири даргуштаи ҷумҳурии Исломии Эрон дар Саъно,бори дигар ҷиноятҳои Оли Сауд дар Яманро барҷаста мекунад.Ирлу чан рӯз пеш баъд аз вахим шудани ҳолаш, бо воситаи давлати Ироқ ба василаи хавопаймое ,ки ин кишвар барои интиқоли вай ба фурудгоҳи Санъо фиристода буд , ба Эрон мунтақил шуд, аммо ин як интиқоли дерҳангом буд ва ба навъи саъудиҳо сирфан бо вахим шудани ҳоли сафири ҷумҳурии Исломии Эрон ,иҷозаи интиқоли вайро содир карданд.

Саъид Хатибзода ,сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон дар ин робита гӯфт :Шаҳид Ирлу  ки аз ҷонбозони шимиёии ҷанги тавҳмили низ буд дар маҳалли маъмурияти худ ба корона мубтало шуд ва ба далели ҳамкории дерҳангомӣ бархе кишварҳо, мутасифона дар шароити номуносиби ба кишвар бозгашт.  

Ҳусайн Амирабдуллоҳиён ,вазири  хориҷа низ гуфт бархе аз кишварҳо (Арабистони Саудӣ )барои интиқоли Ҳасан Урлу  ба кишвар ,ки гирфтори корона шуда буд, коршикани карданд. Бинибарин яке аз ибъоди ҷинояти Оли Сауд дар ин рухдод мамониъат аз парвози ҳавопаймо барои интиқоли Урлу буд,ки аз як су мақоми дипломати буд ва масуният дошт ва аз сӯйи дигар бемор буд ва бояд аз Яман хориҷ мешуд.

Яке дигар аз абъоди ин ҷиноят ин буд,ки муҳосираи ҳама ҷонибаи Яман дар солҳои охир сабаб шуда амалан зерсохтҳои беҳдоштӣ ва пизишкӣи ин кишвар аз байн рафта ва беморони яманӣ имкони мудово ва ҳатто имкони таҳияи дору дар дохили кишварро надоранд.

Ҳасан Ирлу ,сафири ҷумҳурии Исломии Эрон дар асари набуди имконоти пизишкӣ бояд ба Теҳрон мунтақил мешуд ва ин вазъият барои шаҳрвандони яманӣ низ сидқ мекунад. Ин дар ҳоле аст, ки илова бар бемории хатарноки корона , мардуми Яман бо навъи дигари бемори низ мувоҷеҳ ҳастанд ва хадамоти доруи ва дармони барои онҳо вуҷӯд надорад.

Шиваи бемори, камбуди дору ва имконоти пизишкӣ ва мамониъат аз интиқоли беморон ба хориҷ аз Яман танҳо бахше аз табаъоти сиёсии муҳосираи ин кишвар тавассути Оли Сауд аст.Ин сиёсат абъоди дигари низ дорад . Бурузи қатъи ва гуруснагӣ яки дигари аз абъоди сиёсати саъудиҳост.Токунун ниҳодҳои мухталифи байналмиллалӣ дар бораи қатъи ва гуруснагӣ дар Яман ҳушдор дода ва ҳатто Созмони Миллал Муттаҳид бурҳони инсонии Яманро бузургтарин бурҳони инсонии қарни 21 эълом кард.

Бо ин ҳол ,Арабистони саъӯдӣ иқдоми барои бозгушоии осмони Са нъо анҷом намедиҳад ва ниҳодҳои ҷаҳони бахусус созмони миллал муттаҳид низ иқдоми амали барои тавафуқи и ҷинояти Саъудиҳо анҷом намедиҳанд.Созмони Миллали Муттаҳид ҳатто вокуниши ба шаҳодати сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки  тибқи комисиюни ҳуқуқи дипламати масунияти қазоӣ дошт низ нишон надодааст.

Бештар бихонед:

                                                                                                                                                                                                                               

Барчасп