Декабр 27, 2021 13:13 Asia/Dushanbe
  • Ал-Омирӣ, сардор Сулаймонӣ ҳаққи бузург бар гардани мо дорад

Раиси эътилофи Алфатҳи Ироқ гуфт, шаҳид Сулаймонӣ ва Абумаҳди Алмуҳандис ҳаққи бузург бар гардани мо доранд.

Ба гузори хабаргузории Алмавозин ниюс, Ҳоди Ал-Омирӣ, раиси эътилофи Алфатҳ аз ҳамаи мардуми Ироқ хост то дар роҳпаймоии шанбеи оянда, ки ба муносибати шаҳодати Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва Абумаҳдӣ Алмуҳандис, мовини созмони басиҷӣ умумии Ироқ баргузор мешавад, ширкат кунанд.

Ал-Омирӣ таъкид кард, шаҳид Сулаймонӣ ва Абумаҳдӣ Алмуҳандис дайн ва ҳаққи бузург бар гардани мо доранд ва бояд бо ширкати густарда дар маросими солрузи шаҳодати ин ду шаҳид, ёду хотираи онҳоро гиромӣ бидорем.

Сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи неруи Қурдси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, ки 3 январи 2020 ба даъвати расмии мақомоти Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд, ба ҳамроҳи Абумаҳдӣ Алмуҳандис, мовини созмони басиҷи мардумии Ироқ (Ҳашдуш-Шаъбӣ) ва 8 нафари дигар дар ҳамлаи ҳавоии неруҳои мутаҷовиз ва терористи амрикоӣ наздики фурудгоҳи Бағдоди Ироқ ба шаҳодат расиданд.  

 

Барчасп