ДИИШ 400 ҳазор кӯдаки ироқиро шустушӯи мағзӣ кардааст
(last modified Tue, 15 Nov 2016 09:08:37 GMT )
Ноябр 15, 2016 14:08 Asia/Dushanbe
  • ДИИШ 400 ҳазор кӯдаки ироқиро шустушӯи мағзӣ кардааст

Мудири расонаии Комиссияи ҳуқуқи башар, вобаста ба давлати Ироқ эълом кард, ки гурӯҳи террористи ДИИШ 400 ҳазор кӯдакро дар Мусил шустушӯи мағзӣ додааст.

Ба гузориши ИРНА, Ҷавод Ашшумарӣ рӯзи сешанбе ба хабаргузори ироқии “Алмаълумаҳ” гуфтааст, ки гурӯҳи террористии ДИИШ ба манзури шустушӯи мағзии кӯдакон дар Мусил, дар ду соли гузашта матнҳои дарсиро тағйир додааст, ба наҳве, ки 400 ҳазор кӯдак зери таъсири афкори ДИИШ қарор гирифтаанд.

Ба гуфтаи ин мақоми ироқӣ, матнҳои дарсии ДИИШ дар Мусил ба нафратангезӣ ва қатлу куштор дар байни донишомӯзон ва кӯдакон ташвиқ мекунад.

Ашшумарӣ афзуд, ин кӯдакон ба сурати мустақим ва ғайримустақим дар маърази шустушӯи мағзӣ қарор гирифтаанд ва барои бозгашт ба зиндагии табиӣ бояд таҳти омӯзиш ва тавонбахшӣ қарор гиранд.

Дар раванди бозпасгирии манотиқи таҳти ишғоли гурӯҳи террористии ДИИШ дар Мусил, бахше аз китобҳои дарсии ДИИШ кашфу забт шуд, ки нишон медод ин гурӯҳи такфирӣ дар ҳамаи мароҳили таҳсили ибтидоӣ то дабиристон аз мисолҳои силоҳ ва куштору нафратангезӣ байни мазоҳиби исломӣ барои омӯзиши кӯдакон баҳра бурдааст.