Коршиноси ироқӣ: Теъдоди неруҳои амрикоӣ дар Ироқ афзоиш ёфтааст
Коршиноси низомии ироқӣ гуфт, бо вуҷуди иддаои амрикоиҳо мабнӣ бар хуруҷ аз Ироқ, аммо теъдоди ин неруҳо дар ин кишвар афзоиш ёфтааст.
Ба гузориши Алмаълума, Сафо Аласам, коршиноси низомии ироқӣ гуфт, ҳузури низомии Амрико ба шакли қобили таваҷҷуҳе ва ба таври қатъи яқин афзоиш ёфта ва ба хусус дар манотиқи марзӣ дар пойгоҳи Айнуласад дар Аланбор ва пойгоҳи Ҳарир дар Эрбил шоҳиди ин масъала ҳастем.
Ин коршиноси низомии ироқӣ ҳамчунин дар хусуси нақшаи террористҳои ДИИШ барои амалиётҳои террористӣ дар шаҳрҳо ва убур аз марзи Сурия ҳушдор дод ва таъкид кард, ки ДИИШ дигар тавоноии ишғоли як шаҳр ҳамчун Мавсил ё дигар манотиқро надорад.
Тибқи мусаввабаи Парлумони Ироқ ва бино ба дархости ағлаби гуруҳҳову ҷараёнҳои сиёсии ин кишвар, низомиёни амрикоӣ бояд то поёни соли 2021 мелодӣ Ироқро тарк мекарданд, вале бо вуҷуди мавозеи мақомоти расмӣ дар таъйиди хуруҷи низомиёни амрикоӣ, шакку тардидҳо дар ин хусус ҳанӯз побарҷо аст.
Бисёре аз мардум ва гуруҳҳои ироқӣ хоҳони хуруҷи неруҳои террористи амрикоӣ аз Ироқ ҳастанд ва парлумони ин кишвар низ тарҳе дар бораи хуруҷи ин неруҳо тасвиб кардааст.