Январ 15, 2022 13:24 Asia/Dushanbe
  • Ҳамла ба пойгоҳи Амрико дар шимоли Ироқ

Манобеи расонаӣ аз ҳамлаи паҳподӣ ба пойгоҳи Амрико дар шимоли Ироқ хабар доданд.

Маҳали истиқрори низомиёни Амрико дар пойгоҳи ҳавоии «Балад» устони Салоҳиддин, шимоли Ироқ бо чанд паҳпод ҳадафи ҳамла қарор гирифт.

Бар асоси ин гузориш, пас аз ҳамла ба маҳали истиқрори низомиёни амрикоӣ, дар пойгоҳ оташ шуълавар шуда ва дуд ба осмон бархестааст ва нерӯҳо ба ҳолати омодабош даромадаанд.

Ин дар ҳоле аст, ки пештар иддао шуда буд дар ин пойгоҳ ҳеҷ нерӯи хориҷӣ ё амрикоӣ мустақар нест. Эътилофи амрикоӣ ҳануз баёнияе дар иртибот бо ин ҳамла содир накардааст.

Асри панҷшанбе низ сафорати Амрико дар минтақаи Сабзи Бағдод ҳадафи ҳамлаи ракетӣ қарор гирифт.

Аз ибтидои соли ҷории милодӣ, ҳамалоти ракетӣ ва паҳподӣ алайҳи нерӯҳои амрикоӣ дар бахшҳои мухталифе аз хоки Ироқу Сурия ташдид шудааст.

Пас аз онки Амрико эълом кард, ба ҳузури низомиёни худ дар Ироқ идома хоҳад дод, бисёре аз мардум ва гурӯҳҳои муқовимат мухолифати қотеъонаи худро бо ин тасмими давлати Амрико эълом карданд.

Бештар бихонед:

Барчасп