Ҷангандаҳои Эътилофи саудӣ 45 бор Яманро бомбаборон карданд
Манобеи хабарӣ гузориш доданд, ҷангандаи бомбафканҳои Эътилофи саудӣ дар шабонарӯзи гузашта 45 бор манотиқи мухталифи Яманро бомбаборон карданд.
Ба гузориши “Алмасира”, ҷангандаи бомбафканҳои Эътилофи саудӣ 22 бор ду ноҳияи вилояти Маъриби Яманро бомбаборон карданд.
Бар асоси ин гузориш, ҷангандаҳои Эътилофи саудӣ ҳамчунин 10 бор ноҳияе аз тавобеи вилояти Шибва, ҳашт бор ноҳияе дар вилояти Таиз ва панҷ бор вилояти Саъдаро ҳадаф қарор доданд.
- Вазорати дифои Яман: Англия дар ҷанг алайҳи Яман мушорикати мустақим дорад
- Сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман: Арса бар ҷангандаҳои Арабистон дар осмони Яман тангтар мешавад
Аз сӯи дигар, эътилофи саудӣ сооте пеш аз ҳамалоти мушакии неруҳои яманӣ ба минтақаи Ҷазон, воқеъ дар ҷануби Арабистон хабар дода буд.
Ҷангафрӯзиҳои Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман то кунун ба куштаву захмӣ шудани садҳо ҳазор яманӣ ва оворагии 4 миллион нафар мунҷар шудааст.
Таҷовузи низомии Арабистон ҳамчунин беш аз 85 дарсад аз зерсохтҳои Яманро тахриб ва ин кишвар бо камбуди шадиди маводи ғизоӣ ва доруӣ мувоҷеҳ кардааст.