Январ 31, 2022 14:01 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи ракетии режими саҳюнистӣ ба атрофи Димишқ дафъ шуд

Манобеи сурӣ аз дафъи ҳамлаи ракетии режими саҳюнистӣ ба атрофи Димишқ, пойтахти Сурия хабар доданд.

Ба гузориши САНА, падофанди ҳавоии артиши Сурия ҳамлаи мушакии режими саҳюнистӣ аз шарқи Бейрут ба манотиқе дар атрофи Димишқро дафъ ва шуморе аз ракетҳоро соқит кард.

Падофанди ҳавоии артиши Сурия дар моҳҳои ахир борҳо ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба манотиқи мухталифи ин кишварро дафъ кардааст.

Буҳрон дар Сурия аз соли 2011 бо таҳоҷуми густардаи гуруҳҳои террористии мавриди ҳимояти Арабистон, Амрико ва муттаҳидонашон барои тағйири муодилоти минтақа ба нафъи режими саҳюнистӣ оғоз шудааст.

Давлати Сурия ҳамчунин борҳо дар баёнияҳову номаҳое, ки барои Созмони Милал навишта, ҳамалоти ҳавоии режими саҳюнистӣ ба ин кишварро маҳкум кардааст.