Феврал 07, 2022 13:41 Asia/Dushanbe
  • Ҳамалоти густардаи ҷангандаҳои Саудӣ ба пойтахти Яман

Ҷангандаҳои мутаҷовизи Саудӣ манотиқи мухталифи шаҳри Санъо, пойтахти Яманро ба шиддат бомбаборон карданд.

Ба гузориши “Алмасира”, ҷангандаҳои мутаҷовизи саудӣ дар идомаи ҷиноёти худ алайҳи Яман бомдоди имрӯз - душанбе манотиқи мухталифи шаҳри Санъоро бомбаборон карданд.

Бар асоси ин гузориш, ҳамзамон манотиқе аз устони Таиз дар ҷануби Яман низ ҳадафи ҳамалоти ҷангандаҳои саудӣ қарор гирифт.

Манобеи яманӣ эълом карданд, дар ҷараёни ҳамалоти мазкур умдатан манотиқи маскунӣ тавассути саудиҳо бомбаборон шуданд.

Ҷангандаҳои Эътилофи мутаҷовизи саудӣ низ даҳҳо ҳамлаи ҳавоӣ ба манотиқи мухталифи Яман анҷом доданд, ки бештарин ҳамалот ба манотиқи маскунии устонҳои Санъо, Ҳаҷҷа, Маъриб ва Ҷуф сурат гирифт.

 

Бештар бихонед: