Феврал 12, 2022 11:16 Asia/Dushanbe
  • Эрони исломӣ пойдории яманиҳоро дучандон кардааст

Вазири умури хориҷаи Яман гуфт, инки мардуми Яман эҳсос мекунанд як қудрати минтақаии мубтанӣ бар Инқилоби исломӣ дар канори онҳо истода, муқовимат ва пойдоришонро дучандон кардааст.

Ҳишом Шараф дар суханонии солгарди пирӯзии инқилоби исломиро ба мардум, давлату раҳбари муаззами Инқилоби исломии Эрон табрик гуфт.

Вай тасреҳ кард, муборизаи ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ.) , бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон ва масири инқилоб талангури қавӣ ва пижвоке баланд барои ташкилу таквини қудратмандонаи муқовимат буд, меҳваре, ки барои муқобила ва шикасти ҳаргуна ҳежмонӣ, аҳдофе ошкор дорад.

Ин мақоми аршади яманӣ афзуд, пирӯзии Инқилоби исломии Эрон бо исботи эътибори шиори худ мабнӣ бар истодагӣ дар баробари зулму истибдод ва боло бурдани шаъни ислом ва мусулмонон, таъсири мусбате бар мардуми Яман доштааст, ба тавре, ки қудрату сатҳи пойдории онҳоро дучандон карда ва истибдоди кишварҳои узви меҳвари шар ва мутаҷовиз ба Яманро дарҳам шикастааст.

Вай дар бораи таъсири Инқилоби Исломӣ бар муодилоти минтақаӣ ва ҷаҳон низ изҳор дошт, Инқилоби исломии Эрон муодилаи табаият барои касби манофеи ониро тағйир дода ва фазое густардаро барои ормони миллатҳои исломӣ ба вуҷӯд овардааст то онҳо низ як муҳраи ҳақиқӣ дар таъомул бо ҷаҳон бошанд на як унсури тобеъ ва мутеъ, ки сиёсатҳои дигаронро иҷро мекунад.

Ҷумъа 22 баҳмани 1400 баробар бо 11 феврали 2022, 43- умин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон буд.

Инқилоби исломии Эрон 11 феврали 1979 ба раҳбарии ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ.) ба пирӯзӣ расид.