Феврал 13, 2022 15:32 Asia/Dushanbe
  • Вилоят Майсони Ироқ шоҳиди вуқуъи ноамниҳо дар қолаби терори мақомоти амнияти ва қазоӣ аст
    Вилоят Майсони Ироқ шоҳиди вуқуъи ноамниҳо дар қолаби терори мақомоти амнияти ва қазоӣ аст

Ҳамзамон бо идомаи нобасомонии сиёсӣ дар Ироқ, вилояти Майсони ин кишвар шоҳиди вуқуи ноамниҳо дар қолаби террори мақомоти амниятӣ ва қазоӣ аст.

Вилояти Майсон (Maysan) дар ҷануби Ироқ ҳафтаи гузашта, ибтидо шоҳиди террори як афсари полис ва сипас шоҳиди террори як қозии аршади мубориза бо маводи мухаддир буд. Шанбеи гузашта Аҳмад Соиди, қозии махсуси расидагӣ ба парвандаҳои маводи мухаддир дар вилояти Майсон террор ва кушта шуд.

Рӯзи 12 феврал бахши расонаҳои неруи амниятии Ироқ дар баёнияе эълом кард, ки фарди муттаҳам ба иҷрои амалиёти террор дар вилояти Майсони Ироқ тавассути неруҳои амниятӣ дастгир шуд.

Манобеи ироқӣ аз 13 террор  танҳо дар як моҳи ахир дар ин вилоят хабар доданд. Суоли муҳим ин аст, ки иллати ин ноамниҳо ва террорҳо дар Майсон чист?

Як далели аслӣ ин аст, ки ин террорҳо нишон медиҳад, савдогарони маводи мухаддир дар Ироқ заминаи манёври бештаре пайдо карданд. Ҷомеа ҳадафи террорҳои афсарони амниятӣ ва қозиҳои додгустарӣ ҳастанд. Қозӣ Аҳмад Соидӣ пеш аз террор дастурҳое зидди савдогарони донадурушти маводи мухаддир содир карда буд.

Қозӣ Абурағиф, коршиноси амниятии Ироқ гуфт: Ироқ пештар танҳо як гузаргоҳи маводи мухаддир буд, аммо акнун масрафкунанда ва савдогари он ҳам шудааст.

Бар асоси гузориши манобеи расмии ироқӣ, мизони масрафи маводи мухаддир дар миёни ҷавонони вилояти Зиқор ба 20 дарсад расидааст, ки 5 дарсади онҳо занон ҳастанд, дар вилояти Аланбор ҳам ин мизон ба 10 то 15 дарсад расида ва дар Диёла низ 8 дарсади ҷавонон маводи мухаддир масраф мекунанд.

Вилояти Майсон низ дар масири тиҷорати маводи мухаддир қарор дорад, савдогарони маводи мухаддир бо террори афсарон ва қозиҳо барои дастгоҳи амниятӣ ва қазоии Ироқ хату нишон мекашанд. Як манбаи амниятии ироқӣ дар ин хусу гуфт, ин террорҳо ба маънои зарба задан ба тими мутахасиси пайгирии маводи мухаддир дар устони Майсон аст, ки дар масири тиҷорати маводи мухаддир қарор дорад.

Далели дигар марбут ба нобасомониҳои сиёсӣ дар Ироқ аст. Ироқ аз декабри 2019 то кунун шоҳиди нобасомонии сиёсӣ аст, ин нобасомониҳо аз октябри 2021, ки интихоботи парлумон баргузор шуд, бештар низ шудааст, зеро ки гуруҳҳои сиёсӣ шоҳиди ихтилофҳои зиёде ҳастанд ва тавони расидан ба иҷмоъ барои муаррифии раиси ҷумҳурӣ ва нахуствазири ҷадидро надоранд. Дар ин ҳол мақомоти давлати ҷадид низ дар ҳоли ройзанӣ ҳастанд то ҳимояти гуруҳро барои идомаи ҳузур дар сохти қудрати Ироқ ба даст оваранд. Ин вазъият барои афроде, ки манофеи онҳо ба хатар меафтад, заминаи анҷоми иқдомҳои ноамнкунандае назири террори мақомотро фароҳам мекунад.

Дар ҳамин росто Ҳоди Алъомири, раиси эътилофи Фатҳи Ироқ бо ибрози нигаронӣ дар бораи тадовуми вогароии сиёсӣ миёни гуруҳҳо ҳушдор дода буд, ин вогароӣ метавонад ба бурузи фитнаҳои ҷадид дар ин кишвар мунҷар шавад.

Омили муҳими дигар марбут ба шароити иҷтимоӣ, ба хусус дар вилояти Майсон аст. Ин устон дар ҳафтаҳои ахир шоҳиди бурузи даргириҳои қабилаӣ буд ва ин даргириҳо бар вахомати вазъияти ин устон афзудааст. Агарчӣ неруҳои амниятӣ натавонистаанд ба ин даргириҳо поён диҳанд, аммо ин даргириҳо сабаби тамаркузи неруҳои амниятӣ шудааст ва замина барои анҷоми иқдомоти ноамнкунанда тавасути унсурҳои дигарро фароҳам кардааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп