Ноябр 19, 2016 12:11 Asia/Dushanbe
  • Беш аз 17 миллион зоир дар роҳпаймоии “Арбаин”

Муовини раиси вилояти Карбало эълом кард, то кунун теъдоди зоироне, ки ба муносибати “Арбаини Ҳусайнӣ” пиёда роҳии Карбало шудаанд, ба беш аз 17 миллион нафар расидааст.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Алӣ ал-Моликӣ, муовини раиси вилояти Карбало эълом кардааст, беш аз ду миллион нафар аз ин ҷамъият зоирони эронӣ ҳастанд. Ҳамчунин 150 ҳазор зоири хориҷии дигар низ барои зиёрати боргоҳи малакутии Имом Ҳусейн (а) роҳии Карбало шудааст.

Рӯзи душанбе, 21 ноябр дар Ироқ Рӯзи “Арбаъин” аст. Роҳпаймоии зоирони ҳусайнӣ дар “Арбаин” ҳар сол ба бузургтарин иҷтимои мазҳабӣ дар ҷаҳон табдил мешавад.