Феврал 23, 2022 20:07 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи мушакии низомиёни саҳюнист ба шаҳри Қунайтара

Манобеи сурӣ аз ҳамлаи мушакии низомиёнӣ саҳюнистӣ ба атрофи шаҳри Қунайтира хабар доданд.

Низомиёни режими саҳюнистӣ бо шиллики чанд мушаки замин ба замин аз тарафи Ҷавлони ишғолӣ ба қисматҳои шаҳри Қунайтара (ҷануби Сурия)-ро мавриди ҳамала қарор доданд.

Манобеи маҳаллӣ ҳамчунин эълом карданд, низомиёни режими саҳюнистӣ ба як минтақаи низомӣ дар рустои Руйҳина, воқеъ дар муҷовирати хати ҳоили Ҷавлони ишғолӣ ҳамла карданд.

Хати ҳоили Ҷавлони ишғолӣ пас аз тавофуқи оташбаси соли 1974 ва истиқрори неруҳои сулҳбони Созмони Милал дар Ҷавлони ишғолӣ эҷод шуд.

Тел - Авив дар идомаи буҳрони Сурия талош кард аз тариқи манотиқи Ҷавлони ишғолӣ аз гуруҳҳои террористӣ дар устонҳои Қунайтара, воқеъ дар ҷануби ғарби Сурия ҳимоят кунад.

Ишғолгарон аз шаклгирии муқовимат дар минтақаи Ҷавлон нигаронанд, бинобар баҳонаҳои мухталиф талош мекунанд то минтақаи ҳоил ба устони Қунайтараи Сурияро густариш диҳанд, аммо ин талошҳои онҳо ба натиҷа нарасидааст.

Давлати Сурия борҳо дар баёнияҳое, ки барои Созмони Милали Муттаҳид навишт, ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба ин кишварро маҳкум кардааст.